корфармо — [کارفرما] он ки муздурро кор мефармояд; он ки иҷро кардани кореро ба касе месупорад; саркор, соҳибкор … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
амалфармо — [عمل فرما] корфармо, саркор; роҳнамо … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
арбобзода — [ارباب زاده] он ки фарзанд, набера ё бозмондаи заминдор, молик, корфармо ё сарватманде аст … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
арзон — [ارزان] 1. камбаҳо, камқимат, камарзиш, зидди гарон; арзон кардани арзиши аслӣ маҷмӯи қимати (арзиши) чизҳои ба тавлиди ягон мол сарфшавандаро камтар карда, он молро истеҳсол кардан 2. аз нархи муқаррарӣ пасттар, на ба дараҷаи нархи муқаррарӣ,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
корпартоӣ — [کارپرتائي] с. ба таври оммавӣ аз кор даст кашидани коргарон бо мақсади ба корфармо пеш гузоштани ягон талаб, эътисоб: корпартоӣ кардан, корпартоӣ эълон кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қаҳрамон — I [قهرمان] 1. диловар, далер, паҳлавон 2. шахсе, ки бо диловарию мардонагӣ ва фидокорию корнамоии худ шӯҳрат ёфтааст: қаҳрамони ватан, қаҳрамони меҳнат, қаҳрамони халқи тоҷик, халқи қаҳрамон, ҷанговари қаҳрамон, се карат қаҳрамон, қаҳрамон шудан… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қаҳрамонӣ — I [قهرماني] 1. диловарӣ, далерӣ, шуҷоат; паҳлавонӣ; рӯҳу рафтори ба қаҳрамон хос 2. иҷрои кору фаъолияти аҳамияти ҷамъиятӣ дошта, ки мардонагию шуҷоати шахсӣ ва фидокориро талаб мекунад: қаҳрамонӣ кардан, қаҳрамонӣ нишон додан; қаҳрамонии… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
саркор — [سر کار] оғозгари коре, сардори коре; нозир, корфармо … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
соҳибкор — [صاحبکار] 1. сардори кор, корфармо, хӯҷаин. 2 он ки кореро ба роҳ мемонад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
соҳибкорӣ — [صاحب کاري] 1. корфармоӣ 2. ба роҳ мондани ягон кор … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ